Мӯдшиноси рус: Рустам Эмомалӣ дар ороиши мӯй ба Ален Делон тақлид мекунад

Мӯд шудани ороиши мӯй мисли раиси шаҳр Рустам Эмомалӣ дар Душанбе табиист ва дар торихи муосир ҳолатҳои монанд зиёданд, мегӯяд Александр Василев
Sputnik

 

Ба гуфтаи сартарошон, дар Тоҷикистон дар ороиши мӯй байни мардон мӯди нав пайдо шудааст. Ростӣ, феълан ба ин мӯд ҳамагон пайравӣ намекунанд. Аммо бархе мардон аз сартарошон хоҳиш мекунанд, ки мӯйсарашонро мисли Рустам Эмомалӣ ороиш диҳанд. Албатта бештар дар Душанбе ба раиси пойтахт тақлид кардан мехоҳанд.

Мӯдшиноси рус: Рустам Эмомалӣ дар ороиши мӯй ба Ален Делон тақлид мекунад

Албатта, ин тақлид худ ба худ мунҳасир ба як нафар нест, Рустам Эмомалӣ низ то дараҷае ба актёрон тақлид мекунад.

"Ороиши мӯйи сари раиси шаҳри Душанбе мисли актёри номии солҳои 60 Ален Делон аст, ки то ҳол дар мӯд аст. Бо ин шакли рӯй ва мӯ ин ороиш идеалист. Дар мавриди тақлиди мардон ба мири шаҳр чизи аҷибе нест. Фикр мекунед, ки дар замони Сталин ҳама намехостанд сигор кашанд ё френҷ пӯшанд? Оё Жалкин Кеннеди ба мӯд таъсир нарасонида буд?", - гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфйтаи мӯдшинос, таъсири сиёсат ба мӯд табиист. Одамон дар бештари ҳолатҳо вақе стили худро пайдо карда наметавонанд, ба сиёсатмадорону ситораҳо тақлид мекунанд.

Шарҳи бештари коршиносро аз сабти овозии мо гӯш кунед.