Раҳмон пуштибонияшро аз мансабгирии Зас баён дошту ваъдаи кумакро хотиррасон кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо котиби давлатии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Беларус, Станислав Зас ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амнияту бехатарӣ ва суботу оромии минтақавиро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот  ҳамкориҳо дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мавзӯи таъин гардидани котиби генералии созмони мазкурро баррасӣ намуданд.

Қаҳҳоров ба мақомдорони СПАД ваъдаҳояшон ба Тоҷикистонро хотиррасон кард

Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои дастгирии номзади Ҷумҳурии Беларус ба ин мансаби сермасъул иброз доштааст.

Қаблан  расонаҳо иттилоъ доданд, ки Станислав Зас яке аз номзадҳои пешниҳодкардаи Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус ба мақоми котиби генералии СААД мебошад.

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Станислав Зас ҳамоҳангсозии тадбирҳои давлатҳои узви СААД дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромилӣ зарур хонда шудааст.

Назарбоев хостори ташкили Созмони паймони амнияти дастаҷамъии Осиё шуд

Инчунин зимни мулоқот аз созиш дар доираи СААД барои кумак дар ҳифзи сарҳад бо Афғонистон зикр шуда, таъкид гардидааст, тавофуқҳои ҳосилшуда бояд татбиқ гарданд.

“Барои таъмини амнияту суботи минтақавӣ татбиқи мувофиқаҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба дастомада, аз ҷумла қарори расонидани кумакҳои моддӣ-техникӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии Созмон ба шумор меравад, ҳамчунин мусоидат ба фаъолияти густурдаи гурӯҳҳои марбутаи корӣ ва тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ муҳим шуморида шуд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.