Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли Қазоқистонро ба Назарбоев шодбош гуфт

Раисҷумҳур дар паёми шодбошиаш изҳор доштааст, ки сатҳи кунунии ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баланд арзёбӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бо таваҷҷӯҳ ба истиқлоли кишвараш шодбош гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Хабаргузорӣ дар истинод ба дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, ки президенти Тоҷикистон дар паёми шодбошӣ аз ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст.

"Бар ин боварам, ки асноде, ки дар раванди ташрифи расмии ман ба кишвари шумо имзо шуданд ва кӯшишҳои муштараки тарафҳо барои амалӣ кардани онҳо ба ҳамкории судманди ҶТ ва Қазоқистон, ки посухгӯи манофеъи кишварҳо ва мардуми мо аст, пӯёӣ мебахшад", -изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Қазоқистон ҷашни истиқлолро 16-17 декабр таҷлил мекунад. Ҷашни истиқлолро ҷумҳурӣ бошукӯҳ таҷлил мекунад ва 16-17 декабр дар кишвар рӯзи истироҳат эълон шудааст.