Тибқи омори расмӣ, 93 дарсади қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва он чун кишваре кӯҳистонӣ дар минтақа ва ҷаҳон маъруф аст. Бахши аъзаме аз қаламрави Тоҷикистонро кӯҳистони Помир ташкил медиҳад.
Қуллаи Исмоили Сомонӣ яке аз қуллаҳои кӯҳҳои баланди Тоҷикистон аст. Нуқтаи аз ҳама баландаш 7495 м мебошад. Қуллаи Исмоили Сомонӣ, дар шимолу ғарбии Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст.
Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ ба баландии 7495 м мебошад. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлолият (7165 м то июли 2006 - қуллаи Ленин), қуллаи Абуалӣ ибни Сино (6940 м, то июли соли 2006 – қуллаи Революция) ном доранд.
Sputnik Тоҷикистон беҳтарин ва зеботарин манзараҳои кӯҳҳиро пешниҳод мекунад.