Қоидаҳои санитариро риоя накардед: ҷаримаи мудири шӯъбаи дандонпизишкии ноҳияи Рашт

Мудири шӯъбаи дандонпизишкии Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт барои он ки кормандонаш талаботи қоидаҳои санитариро риоя накардаанд, 1000 сомонӣ ҷарима шудааст. Баробари мудири шӯъба 6 табиби дигар низ бо ҳамин далел ҷарима шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Мудири шӯъбаи дандонпизишкии Беморхонаи марказии ноҳияи Раштро барои дар шӯъбааш риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ 1000 сомонӣ ҷарима кардаанд. Дар ин бора оҷонсии "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш дар Рашт Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия дар соҳаҳои гуногун санҷиши санитарӣ гузаронидааст. Дар натиҷа 106 мутахассис барои вайрон намудани коидаҳои санитарию эпидемиологӣ ҷарима шудаанд.

"Аз ин шумора 6 нафар табибанд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи стоматологияи Беморхонаи марказии ноҳия бинобар риоя нашудани талаботи қоидаҳои санитарӣ аз ҷониби дандонпизишкони шуъбаи стоматология ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима шудааст", - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар минтақа то имрӯз фаъолияти 52 ташкилоту муассисаҳо то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваққатан боздошта шудааст, ки ба он 2 ҳуҷраи дандонпизишкӣ ва 1 сартарошхона дохил мебошанд.