Муждаи мавлудӣ: Президент ба муассисаи ба номи Кароматулло Қурбонов мақоми ҷумҳуриявӣ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор ба Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов мақоми ҷумҳуриявӣ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон, 30 ноябр, як рӯз баъд аз мавлуди Кароматулло Қурбонов имзо намуд, коллеҷи мазкур мақоми муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбоновро гирифт.

"Базми Зебо": Тоҷикистон 55-солагии фаъолияти эҷодии Зебо Аминзодаро таҷлил мекунад

Ҳукумат вазоратҳои фарҳанг ва молияи Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки масоили ҳуқуқию ташкилӣ ва молиявии муассисаи нави ҷумҳуриявиро ҳал намоянд.

Ин иқдоми Ҳукумат дар ҳолест, ки ахиран Тоҷикистон мавлуди Кароматулло Қурбонов, овозхони маъруфи тоҷикро таҷлил намуд, ки 29-уми ноябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ қурбони ҷанги бародаркуши Тоҷикистон шуд, ки шаби 18-уми октябри соли 1992 ҳангоми бозгашт аз як тӯй дар ноҳияи Ёвон кушта шуд.