Тоҷикистон барои пардохти қарзи беруна 200 миллион доллар сарф мекунад

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта аз буҷети кишвар барои пардохти қарзи беруна 23,6 милллион доллар камтар равона шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.   Тоҷикистон дар соли ҷорӣ барои пардохти қарзи беруна 200 миллион доллар сарф хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА дар иқтибос ба Вазорати молияи кишвар.

Дар ҳамин ҳол соли гузашта Тоҷикистон барои пардохти қарзи берунааш 176,4 миллион доллар равон карда буд, ки нисбат ба соли ҷорӣ 23,6 миллион доллар камтар будаааст.

Тоҷикистон соли 2019 барои пардохти қарзи хориҷӣ 1,2 миллиардро сарф мекунад

“Тақрибан 139 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ равона шудааст”, - таъкид намудааст Вазорати молияи Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар аввали моҳи октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ба 2 миллиарду 873 миллион доллар расида аст.

Ёдрас мешавем, ки аз аввали сол Тоҷикистон қарзи берунаашро ба 5,2 миллион доллар камтар кардааст.

Дар ҳамин ҳол қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон “Эксимбанк”-и Чин будааст. Бар души ин муассиса беш аз 35 дарсади қарзи берунаи кишвар рост меояд. Тоҷикистон аз бонки мазкур 1,2 миллиард доллр қарздор мебошад.