Рустами Эмомалӣ боз бо як минтақаи Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор кард

Рустами Эмомалӣ бо ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва музофоти Хайнани Чин ба тасвиб расонид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.   Рустами  Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати музофоти Хайнани Чин таҳти роҳбарии муовини Раиси музофот Ван Юн, ки бо сафари корӣ ба пойтахти  кишвар ташриф овардааст, мулоқот намуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масъалаи  роҳандозии хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рустам Эмомалӣ қарори Убайдуллоевро бекор карду ниҳоди нав таъсис дод

Инчунин тарафҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технология, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  аҳамияти ҷиддӣ доданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки қисми зиёди музокирот ба масъалаҳои барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣмиёни Душанбе ва Хайнан бахшида шуд.

Дар ҷараёни музокирот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати халқии музофоти Хайнан Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбе ва музофоти Хайнани  Чин ба тасвиб расид.

"Санади бародаршаҳриро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати халқии музофоти Хайнан муовини Раиси музофоти Хайнан ҷаноби Ван Юн имзо карданд", - гуфт манбаъ.

Чин гуфт таваҷҷуҳи тоҷикон ба забони чинӣ ба маротиб зиёд шудааст

Ёдрас мешавем, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчи , Сямен ва шаҳи Чиндаои Чин робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

Музофоти Хайнан бо масоҳати 35000 метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда,  маркази он шаҳри Хайкоу мебошад.

Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.