Парлумони Тоҷикистон ҳамкориҳои байнипарлумониашро бо Чин қавитар менамояд

Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо намояндагони Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Чин, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ  бо муовини раиси Шӯрои миллии сиёсии машваратии музофоти Хайнани Чин Ванг Ёонг дар бораи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мулоқот намуд.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали и Ван Юн глава Хайнан подписали проток о дружбе между городами Душанбе и Хайнан
Рустами Эмомалӣ боз бо як минтақаи Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор кард

Тавре, ки хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ҷонибҳо зимни суҳбат масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро баррасӣ намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ба раванди мукаммал гардонидани ҳамшарикии дуҷонибаи Тоҷикистону Чин метавонанд мусоидат намоянд.

“Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии робитаҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва илмию фарҳангӣ, ки самтҳои асосии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба  ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони густариши минбаъдаи онҳо шуданд”,- хабар додааст манбаъ.

Дар мулоқот инчунин доир ба ҳамкории ду ҷониб дар доираи  созмонҳои  бонуфузи байналмилалӣ табодули назар карда шуд.