Ожонси мубориза бо фасод: мансабдори давлатӣ 10000 сомонӣ пора гирифт

Комил Отабойзода бо истифода аз мансаби давлатӣ аз як шаҳрванд 7 000 сомонӣ пора гирифта, талаб кардааст, ки 3 000 сомонии дигар оварда диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки раиси ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич Комил Отабойзода ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси ҷамоат барои ҷудо кардани замини наздиҳалигӣ аз як сокини ноҳия пора талаб кардаааст.

"Отабойзода ҳамчун шахси мансабдори давлатӣ моҳҳои август-октябри соли 2018 дар ду маврид аз шаҳрванд “А” маблағи 7000 сомониро гирифта, оварда додани боқимондаи маблағро дар ҳаҷми 3000 сомонӣ талаб кардааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

9 октябри соли 2018 вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Отабойзода К.У. бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ охирин баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани боқимонда 3000 сомонии талабнамудааш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Отабойзода К.У. баъди анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.