Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Душанбе площадь Дусти памятник Исмаилу Самани
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-10, рӯзона 0+5 ва дар шарқи ин вилоят шабона -22-27 ва рӯзона -8-13 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво шабона -1+4 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 0+2 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.