ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Раёсати БДА ВУД Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар ҷумҳури амалиёт ё рейди "Муоинаи техникӣ" баргузор карда мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, амалиёт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, ҷалб намудани воситаҳои нақлиёт ба муоинаи техникии давлатӣ ва назорати пардохти маблағи андоз роҳандозӣ мешавад.
"Муоинаи техникӣ" аз 7 то 17 декбар гузаронида мешавад.
БДА аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки дар амалиёт фаъолона иштирок кунанд.