ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе пирамарди 82-солаеро ғорат карда, медал ва дигар амволашро ғорат карданд.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 8 декабр дар кӯчаи Раҳимови пойтахт рух додааст: ду сокини пойтахт - марди марди 33-сола, ки пештар ба ҷавобгари ҷиноӣ кашида шуда будааст бо марди 29-солаи сокини Душанбе вориди манзили пирамарди 82-сола, миллаташ рус гардида, ӯро аввал лату кӯб ва сипас ғорат кардаанд.
"Номбурдагон, санаи 8-уми декабри соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии марди рустабори 82-солаи сокини кӯчаи К.Раҳимови пойтахт ворид шуда, ӯро лату кӯб намуда, аз хонааш 2000-сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, 2-адад медалҳои ифтихорӣ ва 1-адад таҷҳизоти гармидиҳиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбарон дастгир гардиданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.