ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар аст, хабар додааст дафтари матбуотии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда буда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -5-3, рӯзона +2+4 ва дар шарқи ин вилоят шабона -18-20 ва рӯзона -3-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +1+3 ва рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон, низ ҳавои абрноки тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландии 2000 метр барф меборад. Рӯзона ҳаво тағйирёбанда шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 0-5 ва рӯзона ба 9-14 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад.