Рустам Эмомалӣ қарори Убайдуллоевро бекор карду ниҳоди нав таъсис дод

Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор барои таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо имзо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо қарори Рустам Эмомалӣ, Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, низомнома ва ҳайати он тасдиқ гардид.

Рустам Эмомалӣ аз 11 моҳи фаъолияташ ҳисобот медиҳад

Раиси Душанбе муовинони худ ва раисони навоҳии пойтахтро муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ба фаъолияти самарабахши Шӯрои рушди маориф мусоидат намоянд.

Рустами Эмомалӣ бо имзои ин санади ҷадид, қарори қаблии раиси Душанбе аз 4 марти соли 2015, №141 “Дар бораи таъсиси Шӯрои рушди маорифи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе”-ро, ки аз ҷониби шаҳрдори пешин Маҳмадсаид Убайдуллоев имзо шудааст, аз эътибор соқит кардааст.

Дар қарори ҷадиди раиси Душанбе ҳадаф ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои рушди зеҳнии кӯдак, оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа арзёбӣ шудааст.