Украина Умар Нумонов, шаҳрванди Тоҷикистонро ба Қазоқистон супурд

Додситонии кулли Украина шаҳрванди Тоҷикистон, Умар Нумоновро ба Қазоқистон истирдод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи иттилои додситонии шаҳри Алмаато, Нумонов ба иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми 80 миллион тенге, ки муодили беш аз 200 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт.

Боздошти собиқ футболбози "Хайр" дар Минск ва депорти ҳамсару фарзандаш ба Украина

“Боздоштшуда дар он муттаҳам мешавад, ки бо роҳи қаллобӣ 80 миллион тенгеро аз худ карда, аз Қазоқистон фирор кардааст”, - омадааст дар иттилоияи додситонии Алмаато

Ба иттилои манбаъ додситонии кулли Украина дархости ҷониби Қазоқистонро барои истирдоди Нумонов қонеъ карда, феълан муттаҳам дар боздоштгоҳи Алмаато нигоҳдорӣ мешавад.

Ҷузъиёти дигари қазия ва назари худи айбдоршаванда дар мавриди ин иттиҳом феълан маълум нест.