Китоби Камоли Хуҷандиро ба забони олмонӣ тарҷума ва ба нашр расонданд

Китоби “Ишқи минӯӣ” - маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ ба нашр расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хучандӣ” иттилоъ медиҳад, ки “Ишқи минӯӣ” - маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ, дар тарҷумаи Александр Ҳайзер тариқи нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд интишор ва дастраси хонандагон гардид.

Ҷалби сокинони пойтахт ба китобхонӣ: дар Душанбе намоишгоҳи китоб баргузор мешавад

Китоб фарогири  тарҷумаи 17 ғазали Шайх Камоли Хуҷандист, ки бо муҳаббати хос аз ҷониби профессор А.Ҳайзер анҷом пазируфтааст. Ашъори Шайх Камол бори аввал ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр мешавад.

“Ишқи минӯӣ” бо пешгуфтори профессор Матлубаи Мирзоюнус роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ оғоз шуда, ба хонандагони олмонӣ дар мавриди шинохти шахсияти шоири номвари тоҷик маълумоти ибтидоӣ медиҳад.

Китоб бо ду забон - тоҷикӣ ва олмони нашр шудааст ва шомили маҳбубтарин ғазалҳои Камол мебошад.