ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. ФФТ бо нашри як эълон изҳор доштааст, ки ба мутахассиси бозоршинос, ё худ менеҷер дар умури маркетинг ниёз дорад.
Ин ниҳод аз довталабони ишғоли ин ҷойи корӣ даъват намудааст, ки ҳуҷҷатҳояшонро, аз қабили тарҷумаи ҳол ва тавсиянома ба суроғаҳои электронии - nfl-tff@mail.ru, tajikfootball@yahoo.com, cheralievic@gmail.com ирсол кунанд.
ФФТ таъкид намудааст, ки довталабон метавонанд, бевосита асноди заруриро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14/3 пешниҳод намоянд.