Дар майдони Дӯстӣ арчаи солинавӣ ороста шуд

Дар Душанбе насб ва оростани баландтарин арчаи солинавӣ ба анҷом расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  Рӯзи 9 ноябри соли равон дар майдони Дӯстии пойтахти Тоҷикистон насб ва оростани арчаи солинавии 28-метра ба анҷом расид, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТа.

Соли нав омад, шоду ғазалхон: қоидаҳои бехатариро ҳангоми ороиши арча фаромӯш накунед

Арчаи солинавии шаҳри Душанбе дар майдони Дӯстӣ ҷойгир шудааст. Арчаи мазкур баландтарин дар таърихи кишвар ба ҳисоб меравад. Баландии арчаи солинавӣ 28 метр вусъаташ 13 метр будааст.

Ёдрас мешавем, ки соли дувум аст, ки мақомоти шаҳри Душанбе гузоштани арчаи солинавиро то 10 октябр ба анҷом мерасонад. Қаблан дарахт дар майдони Дӯстӣ чанд рӯз пеш аз соли нави милодӣ гузошта мешуд.

Насби арчаи солинавӣ дар Тоҷикистон дар охири моҳи ноябр шурӯъ карда буданд.

Дар Душанбе дар шаби соли нав 31 декабри соли равон барномаи консертӣ баргузор мешавад, ки дар он ситораҳои эстрадаи тоҷик иштирок хоҳанд кард.