ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Панҷакент марде ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони ниҳод дар ин шаҳр ҳангоми чораҳои оперативӣ марди 35-солаеро, ки сокини ҷамоати деҳоти Косатарош будааст, дастгир кардаанд.
Мард ба қаллобӣ муттаҳам мешавад, менависад манбаъ.
"Тафтишот муайян намуд, ки ӯ 14-уми апрели соли 2018, бо роҳи фиреб ба боварии марди 58-солаи шаҳри зикргардида даромада, аз ӯ 37 000-сомониро гирифта ваъда додааст, ки аз мавзеи Мармари ҳамин ҷамоат, қитъаи замини назди ҳавлигӣ дар масоҳати 0,8 га, гирифта медиҳад", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.