Тарҷума ва нашри ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ

Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хучандӣ” ғазалҳои Камоли Хуҷандиро ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, “Ишқи минӯӣ”, маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ, дар тарҷумаи Александр Ҳайзер дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп ва дастраси хонандагон гардид.

Манбаъ афзуд, ки китоби мазкур 17 ғазали Шайх Камоли Хуҷандиро дар бар мегирад, ки бо муҳаббати хос аз ҷониби профессор Александр Ҳайзер тарҷума шудаанд.

Дафтари матбуоти раиси Суғд таъкид намудааст, ки ашъори Шайх Камол бори аввал ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр шудаанд.