Марзбонони Русия муҳоҷирони тоҷикро маҷбур сохтанд дар марз ришҳояшонро тарошанд

Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз марзбонони Русия шикоят карданд, ки онҳо дар марз муҳоҷиронро маҷбур месозанд ришҳояшонро тарошанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik.  Хабаргугузории infoshos ба нақл аз муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия Зуҳуриддин Ғиёсов навиштааст, ки марзбонони рус дар марзи ин кишвар бо Қазоқистон, муҳоҷирони тоҷикро маҷбур месозанд, ришҳояшонро тарошанд.

“То гузаргоҳи марзӣ 300 километр монда буд. Ронандаи таксӣ аз мо хоҳиш кард, ки ба ягон сартарошхона даромада ришҳоямонро тарошем. Ва таъкид кард кард, марзбонон моро намемонанд аз кишвар хориҷ шавем. Мо ба гуфтаҳои ӯ гуш надодем ва ҳаракатро идома додем”, - гуфт Ғиёсов.

Ба гуфтаи Ғиёсов вақте, ки онҳо ба гузаргоҳи марзии Маштаковои Вилояти Оренбурги Русия расиданд, марзбонони рус хоҳиш намуданд, ки ришҳоямонро тарошем.  

“Марзбонон муҳоҷиронро ба ҷои дастшӯӣ бурда, ба дасташон риштарошак доданд. Танҳо баъд аз тарошидани риш ба мо иҷозат доданд аз қаламрави Русия берун шавем”,- таъкид кард вай.  

Назарбоев дар бораи риш, ҳиҷоб ва шалвор: “қонунан мамнуъ шаванд”

Ёдрас мешавем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ муҳлати сабти иқоматашонро дар Русия то гирифтани патент ҳар се моҳ бояд тамдид намояд. Аксари муҳоҷирон барои тамдиди муҳлат аз сарҳади Русия хориҷ шуда, дубора ворид мегарданд.

Аксари муҳоҷирони тоҷик аз гузаргоҳи Маштаково, ки марзи Вилояти Оренбурги Русия ҷойгир шудааст, истифода менамоянд. Марзбонон барои  зуд пайдо намудани шахсияти муҳоҷир дар пойгоҳи ягонаи электронӣ аз муҳоҷирон хоҳиш менамоянд, ки ришашонро пешакӣ тарошанд.