ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудаҳо – Алиҷон Ализода ва Сайёди Рустам бо шикастани панҷараи тирезаи хонаҳои истиқоматии сокинони пойтахт, маблағ ва ашёи гуногунро медуздидаанд.
“Аз ҷумла шаби 28-уми августи соли ҷорӣ ба ҳамин тарз ғайриқонунӣ вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Шарипова Гулша, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гардида, бо шикастани сандуқи оҳанин аз дохилаш 5-ҳазор сомонӣ, 1500-долари амрикоӣ ва ба миқдори 5700-долари амрикоӣ ҷавоҳироти тиллоиро ба яғмо бурдаанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ афзуд, ки инчунин дастгиршудагон 23-юми октябр бо шикастани панҷараи тиреза вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Самадов Баҳодур воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев гардида, аз он ҷо ду адад телефони мобилӣ ва як адад планшету дигар ашёҳои арзишнокро дуздидаанд.
Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки даст доштани боздоштшудаҳоро дар ҳолатҳои дигари дуздӣ дар пойтахт таҳқиқ хоҳанд кард.
Манбаъ таъкид кард, ки феълан ҷавонони дастгиршуда дар ҳабс буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми дуздӣ алайҳи онҳо идома дорад.