Тоҷикистон мехоҳад хизматрасониҳои ғайринақдиро ба роҳ монад

Бонки миллии Тоҷикистон рушди инфрасохтори низоми пардохти хизматрасониҳои бонкӣ тавассути технологияҳои муосири инноватсиониро дастгирӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Душанбе форуми байналмилалии “Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ: инноватсия – инфрасохтор – дастрасии фарогир” ба кори худ оғоз кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Ташкилкунандагони ин форум Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) мебошанд.

 “Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва ватанӣ аз он далолат медиҳад, ки воридшавӣ ва ҷоришавии технологияҳои муосири рақамӣ дар бахши молиявию бонкӣ нисбатан зудтар амалӣ мегардад ва дигар бахшҳоро ҳавасманд карда ҷалб менамояд”, - гуфт раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Дар Форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Узбекистон, Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва низомҳои пардохтии байналмилалии “UnionPay”, “Master card”, “JCB”, коршиносони байналмилалӣ ва маҳаллӣ, намояндагони институтҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, операторони алоқаи мобилӣ ширкат доштанд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) оид ба хизматрасониҳои электронӣ ва рақамӣ доир гаштаистодааст.

Ин лоиҳаи аз ҷониби Департаменти байналмилалии рушди Британияи Кабир ва Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ шуда, фаъолияти муштараки Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) - Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи молия, рақобатнокӣ ва таҷрибаи инноватсияҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Миқдори умумии кортҳои пардохти аз ҷониби 17 ташкилоти қарзии ватанӣ ба муомилот баровардашуда то 1 ноябри соли ҷорӣ 1миллиону  791 ҳазору 255 ададро ташкил кардаанд.

Инчунин то 1 ноябри соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 272 ададро ташкил намуданд.