Дар Тоҷикистон аз аввали сол ба сабаби офатҳои табиӣ 17 нафар ба ҳалокат расидааст

Аз аввали сол дар Тоҷикистон 165 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар натиҷаи офатҳои табиӣ 17 нафар ҷони худро аз даст додааст, хабар додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ҳалокати 12 сокини кишвар бар асари офатҳои табиӣ

“Сабаби марги аксари нафароне, ки дар натиҷаи ҳолатҳои табиӣ фавтиданд ин сангрезиш, омадани сел ва раъду барқ будааст”,- таъкид шудааст дар таҳлил мухтасар.

Аз аввали сол дар натиҷаи офатҳои табиӣ наздик ба 1500 бино заррар дида,  аз он 30 бино комилан тахриб шудааст. Инчунин дар ин муддат ба 78 мактаб ва муассисаҳои то мактабӣ, беш аз 46 километр роҳ, 17 пул ва 47 киметри хатҳои баландшиддат зарар расидааст.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи панҷшанбе дар Тоҷикистон заминҷунбии 3,2 балла ба қайд гирифта шуд.