Коршинос: Русияву Тоҷикистон ниёз ба якдигар доранд

Коршиноси масоили низомӣ, раиси Шӯрои мудирони Ассотсиатсияи миллии иттиҳоди афсарони эҳтиётии Қувваҳои мусаллаҳи Русия Владимир Богатирев дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ҳошияи СПАД ва системаи дифои ҳавоӣ гуфт
Sputnik

Пештар хабар дода шуд, ки Русия ва Тоҷикистон нақша доранд системаи муштараки дифои ҳавоӣ созмон диҳанд.

Русия кӯшиш намекунад, ки ҳузури худро дар кишварҳои дигар густурдатар кунад, аммо дар асоси созишномаҳои дутурафа бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва як қатор кишварҳои дигар, ки дар онҳо пойгоҳи низомии Русия мустақар аст, доим сисилаи тамринҳои низомӣ баргузор мекунад, мегӯяд коршиноси рус.

Коршинос: Русияву Тоҷикистон ниёз ба якдигар доранд

"Ин ҷо масъалаи дигаре нест, мо ба якдигар ниёз дорем", - таъкид мекунад вай.

Ҷангафзорҳои ин кишварҳо дар асоси намунаи ҷангафзорҳои Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ бунёд шудаанд, барои ҳамин Русия содирот, таъмир, барқароркунӣ ва хитзматрасонии он, ҳамчунин омода кардани мутахассисонро таъмин мекунад. Афсарони ин кишварҳо дар муассисаҳои низомии Русия таълим мегиранд, афзуд вай.

Богатирев таъкид мекунад, ки ҳоло вазъи Афғонистон ваҳим арзёбӣ мешавад, мушкилиҳо дар Шарқи Наздик зиёданд, ҳамчунин дар минтақаи марказии Осиё низ вазъият  ноустувор аст.

Ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварҳо танҳо дар ҳолати мавҷудияти созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ мумкин аст, афзуд ӯ.

"Агар ба ин кишварҳо ҳуҷум кунанд ва онҳо ба мо муроҷиат кунанд, мо омодаем, ки дасти кӯмак дароз кунем. Ҳамчунин худи далели ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди ин кишвар кафолати ҳуҷум накардани бадхоҳон ба ин кишвар аст ", - гуфт ӯ.

Тафсилоти бештари коршинос - дар сабти овозии Sputnik Тоҷикистон.