Кӯмак ба сарбозон: милисаҳо ба шалғам ва карамчинӣ рафтанд

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷовонон ва гурӯҳи "Авангард" ба Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ рафта, ба ҷамъоварии ҳосили дуввум ба сарбозон кӯмак намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хотири кӯмак ба сарбозон ба Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии ВУД рафта, ба ҷамъоварии сабзавот - шалғаму карам ва лаблабу кӯмак карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВУД хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, заминҳои Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо меҳнати сарбозон киштзор гардида, аз он дар як сол ду маротиба ҳолсил мерӯёнанд.

Ҳамин тавр, кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард"  ба Хоҷагии ёрирасон рафта, ба ҷамъоварии ҳосили дуввум ба сарбозон кӯмак намудаанд.

"Ҷавонони фаъоли гурӯҳи "Авангард" ва кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ҳосили кишти дуввуми хоҷагии ёрирасон, аз қабили шалғам, карам лаблабу ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ҷамъоварӣ карданд", - меафзояд манбаъ.

Пештар дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти хӯрока барои кормандони ниҳод баргузор шуд.

Намоишгоҳи маҳсулоти арзон ба таҷлили Рӯзи милиса дар Тоҷикистон бахшида шуда, дар он маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд.

Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд.