Феҳристи ҷаҳонии терроризм: Тоҷикистон чандум шуд?

Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷаҳони Австралия қайд мекунанд, ки дар соли 2017 шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ се маротиба кам шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар соли 2017 шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ то 27 дар сад кам гардид, омадааст дар гузориши Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷаҳони Австралия.

Мувофиқи феҳристи тартибдодаи пажӯҳишгоҳ Афғонистон аз ҳисоби шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ дар аввал қарор гирифтааст ва сипас Ироқ, Нигерия, Сомали, Сурия, Покистон ва Миср номбар карда мешаванд.

Тоҷикистон дар ин феҳрист дар ҷойи 74, Қазоқистон 75 ва Қирғизистон 80-ум қарор гирифтаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон дар мавқеи поёнтарин, ҷойи 132-ум қарор гирифтааст.

Русия дар ин раддабандӣ мақоми 34-умро мегирад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ се сол пайи ҳам кам мешавад. Сабабҳои асосии онро ба заиф шудани гурӯҳи террористии ба ном "Давлати исломӣ" (ДОИШ - мамнӯъ дар Тоҷикистон) иртибот медиҳанд.

Гузориши "Феҳристи ҷаҳонии терроризм" "нуфузи терроризм"-ро инъикос мекунад ва мувофиқи таҳлилҳои шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва омилҳои ҷуғрофияи сиёсии пайдоиши терроризм, тамоюлҳои дурударози рушди он ва стратегияҳое, ки аз он террористон истифода мебаранд, тартиб дода шудааст. Раддабандӣ 163 кишварро фаро гирифтааст.