Ёқуб Салимов: соҳиби ду фарзанди нозанин шудам

Вазири пешини умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки соҳиби дугоник - духтар ва писар шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон соҳиби дугоник - духтар ва писар шудааст. Дар ин бора сиёсатмадори собиқ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар медиҳад.

"Дӯстони бисёр гиромиям. Имрӯз ман соҳиби ду фарзанди нозанин - духтар ва писар шудам", - навиштааст вай чанд лаҳза пеш дар саҳифаи Фейсбук.

Ёқуб Салимов вазири умури дохилаи пешини Тоҷикистон яке аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон аст.

Ӯ соли 2003 бо дархости Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе ба ҷурми "хиёнат ба ватан", "нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб"  ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Ёқуб Салим аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш низ маҳрум шуда буд. Ӯро соли 2016 баъди татбиқи қонуни авф ва 13 соли боздошту зиндон озод карданд.