Ришваситонӣ дар авҷ: интиқоди Додситонии кулл аз вазъи хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон

"Ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад. Азхудкунии маблағҳои буҷа, тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ дар ин соҳа боиси нигаронист. Сатҳи пасти шароити санитарию эпидемиологӣ боиси паҳн шудани бемориҳои сироятӣ гаштааст", - бонги хатар мезананд масъулини додситонӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон дар як ҷаласа вазъи хизматрасонии тиббиро дар Тоҷикистон баррасӣ карда, аз камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи Додситонии кулли Тоҷикистон, ки дар он масъулини ниҳод ва Вазорати тандурустӣ иштирок доштаанд, аз паст будани сифати хизматрасонии тиббӣ, поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба табобат, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва вазъи ваҳими ришваситонӣ дар соҳа интиқод карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми санҷиш ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи "Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ" ошкор карда шуда, дар бисёр мавридҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба табобат поймол карда мешавад.

"Истифодаи ғайримақсаднок ва азонихудкуниву исрофкории маблағҳои буҷетӣ, тамаъҷӯӣ ва содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ боиси ташвишу нигаронӣ гаштааст. Сатҳи пасти корҳои пешгирикунанда  ва муҳайё накардани шароити аз лиҳози санитарию эпидемиологӣ муносиб боиси пайдо ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолӣ гардидааст", - таъкид мекунад додситонии кулл.

Масъулини додситонӣ паҳншавии ВНМО (ВИЧ/СПИД)-ро ташвишовар арзёбӣ намуда, чораҳои андешидаи вазорати тандурустиро дар ин самт нокифоя хондаанд.

"Дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ҷиҳати бартарафсозии қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор 67 пешниҳод ва 39 амр ирсол намуда, нисбати 92 нафар шахсони масъул истеҳсолоти интизомӣ, 277 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 42 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст", - меафзояд манбаъ.

Ин дар ҳолест, ки пештар Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мудирони бахши тандурустии кишвар дар масъалаи расонидани ёрии аввалини тиббӣ машварати корӣ баргузор карда, аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда буд.

Вазир таъкид кард, ки таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.