Обуҳавошиносон: ҳавои абрноку бебориш, аммо фаромадани меғ дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, фаромадани меғ дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  шабона -1+1  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда, ҳарорат шабона ба -3+2  ва рӯзона  ба  11+16  дараҷа гармӣ мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -20-25  ва рӯзона -3-8 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,   ҳаво дар водиҳо шабона -2+3  ва рӯзона  5+10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона +11+16   дараҷа гарм хоҳад шуд.