ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Олимзода дар хитоб ба табибон нигаронии раисиҷумҳурро аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои шаҳри Душанбе, хотиррасон карда, беҳбуди хадамотро талаб намудааст.
Тибқи иттилои хабаргузории “Ховар”, Насим Олимзода аз сатҳу сифати ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад.
“Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматиашонро содиқона иҷро намуда, кумаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки сабаби норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус, шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли вазири тандурустӣ.
Олимзода инчунин ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур додааст, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хуб ба роҳ монанд фаъолияти шабонаи дорухонаҳои дохили муассиса зери назорат гирифта шаванд.
Вазири тандурустӣ инчунин аз тағйирот ба Кодекси ҷиноии кишвар зикр карда, ҳушдор додааст, ки ҷазои табибоне, ки сабаби гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мешаванд, сангинтар гардид.