ВУД Тоҷикистон: аз ҳиссиёти авбошӣ корд заду ғайб зад

Марди 23-солаи сокини пойтахт, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос як мардит диагарро корд зада аз ҷои ҳодиса ғайб задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, сокини Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 244, 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд як марди дигарро корд зада аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

Падар посбони мактабро барои пеш кардани фарзандонаш 17 корд задааст

“Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми декабри соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш марди 23-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаҳои 244, 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо корд 1-маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.