Санъатшинос дар бораи мӯди оянда: моро рӯймолҳои мусалмонӣ интизоранд

Александр Василев, санъатшинос ва таърихшиноси муд қайд кардааст, ки аз рӯи равиши муд барои Соли нав рӯймолҳои мусалмонӣ талаботи зиёд доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Русияро мӯдҳои мусалмонӣ ва махсусан паҳншавии рӯймолҳои занона интизор аст, гуфтааст таърихшиноси мӯд Александр Василев.

Ба ақидаи коршинос Русияро “паҳншавии аз меъёр зиёди рӯймолҳо” интизор аст.

“Агар шумо дилхоҳ сомонаи мӯдро кушоед сараввал навишта шудааст, ки чӣ гуна дар Соли нав рӯймолро дар шакли муд ба бар кард. Ман инро 5 сол пеш гуфта будам, аммо ба ман гуфтанд, ки мо рӯймол ба бар намекунем. Бори дигар ба шумо мегӯям мепӯшед ва ҳатто бо хоҳишҳои калон...”, - гуфтааст Василев.

Санъатшинос ҳамчунон қайд кардааст, ки “унисекс” (либос ва ё попӯшии ягона ва ё монанд барои мардону занон), низ бисёр равнақ хоҳад ёфт.

“Алакай бисёр занон либосҳои мардонаро ба бар кардаанд ва худ аз ин огоҳ нестанд. Масалан, шим, попӯшҳои қулай, куртаҳо ва мӯйсарҳои кутоҳ ва инчунин ороиш надодани занон далели он аст. Ин пастзани нест, балки қулаю гарму бехатар будан аст”, гуфтааст Василев дар нишасти хабарии АИБ “Русия имрӯз”.

Рӯймолҳои занонаи мусалмони аз дигар сарбандҳо бо ҳаҷми калони худ фарқ мекунанд, чунки зани мусалмон бояд бо ин рӯймол ҷойҳои лозимаашро аз чашми дигарон пинҳон кунад.

Аслан рӯйсари аз ҳама диқатҷалбкунандатар ва ҷазобтар мешавад. Аз ин хотир дар бозори имрӯза навъҳои гуногуни рӯймолҳо хело зиёд ва рангоранг ба намоиш гузошта мегаванд.

Дар ислом чихел либосе набошад аз сар то по ҳиҷоб ҳисоб мешавад, аммо дар кишварҳои ғарб зери мафҳуми ҳиҷоб танҳо рӯймоли анъанавии занони араб фаҳмида мешавад.

Дар баъзе кишварҳои мусалмонӣ занонро ба ҳиҷобпӯши даъват мекунанд, аммо дар баъзеи дигар баракс иҷозат намедиҳанд.

Аввалин бор ба таври намоишдиҳи соли 1870 дар Египт аз пушидани ҳиҷоб даст кашиданд. Аввалин кишвари мусалмони, ки ба таври расми пӯшидани ҳиҷобро мамнуъ кард ин Туркия буд – 1925, аммо соли 2008 ин банди қонун барҳам дода шуд, чунки иҷозат надодани занон барои пушидани либоси дилхоҳи худ ин поймол кардани ҳуқуқи онҳост.