ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тасова, вакили даъвати VII –и маҷлиси ҷавонони шаҳри Остона дар намоиш бо пироҳани шаффоф аз хонаи муди Dana Dyusembayeva ба саҳна баромад, хабар додааст Sputnik Қазоқистон. Ба фикри тарроҳи пироҳан, он бояд бидуни таҳпӯш ба бар карда шавад ва вакили ҷавон низ чунин кардааст.
Ин иқдоми Тасова вокунишҳои зуддунақизеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Гуруҳе аз ӯ ҷонибдорӣ карда, бархеи дигар корашро фаҳш хондаанд, ки хилофи арзишҳои фарҳангию миллӣ мебошад.
Урён кардани ҷисм аз ҷониби бархе аз занон дар Осиёи Марказӣ ҳамчун санъат ва эътироз алайҳи ҷомеаҳои мардсолор вақтҳои охир густарда шудааст.