Бархӯрди маргбори мошини низомӣ ва “тангем” дар Хоруғ

Сокинони ВМКБ мегӯянд, бархӯрди як мошини низомӣ ва худрави мусофирбари маъруф бо номи “тангем” дар Хоруғ кушта ва маҷруҳон барҷой гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои бархе аз сокинони вилоят, дар пайи бархӯрд, “тангем” ба наҳр сарозер шудааст.  Ҳодиса 1 декабр рух дода, дақиқ шудааст, ки як мусофирзан ғарқ шуда, ҷон додааст.

Бархе аз манобеъ теъдоди ҳалокшудагонро 2 нафар мегӯянд, ки ҷасади нафари ғарқшудаи дуюм то ҳол пайдо нашудааст. Мусофирони дигар ва ронанда дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон расман ин ҳодиса ва омилону пайомадҳои онро то ҳол шарҳ надодаанд ва дар сурати дастрас шудани назари масъулин Sputnik онро дар ин саҳифа нашр хоҳад кард.