Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: Ҷамшед Ҷумъахонзода ҷои Шариф Саидро гирифт

Ҷамшед Ҷумъахонзода тайи 5 сол Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро роҳбарӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад, дар идора тағйироти кадрӣ сурат гирифта, раиси нави палата Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷӯрахон интихоб гардидааст.

"Дар ҷамъомади ҳафтуми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд, раиси палатаро тариқи овоздиҳии кушод ба мӯҳлати 5 сол интихоб карданд. Манзура Рустам ва Одил Сангинов муовинони раиси палата интихоб шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ба раиси пешини палата Шариф Саид барои дастгирии соҳибкорон ва ҳамкорӣ дар рушди ҳамкориҳои давлативу хусусӣ, барқарор намудани муносибатҳои боваринок бо ҳамкорони хориҷӣ ва устувор кардани ҳамкориҳои байналмилалӣ изҳори сипос кардааст.