Гузориши аксӣ аз масҷидравии Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбаташ аз хидмат барои садсолаҳо

Sputnik

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ таъкид намудааст, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар ин иншоот бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шавад то ин ки иншоот барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд садсолаҳо хизмат расонад.

1 / 8
Масҷиди марказии Душанбе аз 4 манораи баландиаш 75-метра ва гумбази 47-метра иборат хоҳад буд
2 / 8
Раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ дар масҷид бояд мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик анҷом дода шавад
3 / 8
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, рӯзи ҷумъаи 30 ноябр аз майдони сохтмони Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе боздид карданд
4 / 8
Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода, санги асос дар он аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ гузошта шудааст
5 / 8
Масҷиди марказии ҷомеаи Душанбе аз мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд
6 / 8
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, Масҷиди марказии Душанбе бояд барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад
7 / 8
Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ кардани толорҳои барои ибодат, даромадгоҳҳои иншоот ва дарвозаҳои он дастурҳои мушаххас додаст
8 / 8
Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, дар лоиҳаи сохтмони масҷид маслиҳатҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тарҳу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳою даромадгоҳҳо ва тамоми дигар корҳои ороишотии дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудаанд.