Боздошти Фаррухи "милиса", "корманди амният" ва "прокурор" дар Суғд

Фаррух Ҳалимов ба иттиҳоми содир кардани 18 ҳолати қаллобӣ дастгир шудааст. Ӯ дар чанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд худро "милиса", "корманди амният", "прокурор" ва "суд" муаррифӣ карда, дар як моҳ моҳ бештар аз 15 нафарро ба доми фирибе худ даровардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Фаррух Ҳалимови 31-сола, сокини шаҳри Бӯстон ба иттиҳоми даст доштанд дар 18 ҳолати қаллобӣ хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам пештар чор маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шуда будааст. Ахиран моҳи сентябр ӯро додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои қаллобӣ 20 ҳазор сомонӣ ҷарима карда будааст.

Ба иттилои тафтишот, Фаррух Ҳалимов танҳо дар як моҳи ноябр 18 маротиба мардумфиребӣ кардааст.

"Ҳангоми содир намудани ин аъмоли номатлубаш ӯ худро корманди мақомоти "милитсия", "суд", "прокуратура", "кумитаи давлатии амнияти миллӣ", "нозироти андоз" ва "хадамоти фармасевтии вилояти Суғд" муаррифӣ намуда, аз мағозаву дорухонаҳо ва меҳмонхонаҳо гӯё бар ивази ошкор накардани камбудиҳояшон маблағҳои пулӣ ситонидааст", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Нисбати Ҳалимов Фаррух чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ карда шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ аз ҷониби шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дорад.
Мувофиқи маълумотҳои оперативии дастраснамуда, номбурда дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ даст ба чунин кирдорҳои номатлуб задааст.

ВУД аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки "агар касе аз Ҳалимов Фаррух ҷабр дидааст, ё дар бораи дигар ҷиноятҳои содиркардаи ӯ маълумот дошта бошад, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат намоянд".