Узбакистон мехоҳад ба CASA-1000 ҳамроҳ шавад

Узбакистон ба сохтмони хатҳои нави интиқоли қувваи барқи Сухан-Пули-Хумрӣ машғул аст, ки метавонад як ҷузъи лоиҳаи CASA-1000 шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Узбакистон эълон кард, ки шояд ба тарҳи минтақавии CASA-1000 пайваст шавад. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Вазорати умури хориҷии кишвар хабар медиҳад.

Дар конфронси байналмилалӣ доир ба Афғонистон дар Женева Вазири умури хориҷаи Узбакистон Абдулазиз Камилов эълон кардааст, ки кишвараш машғули сохтмони хатҳои нави интиқоли қувваи барқи Сурхан-Пули-Хумрӣ аст.

Вай қайд кардаст, ки ин қисмати хатҳои интиқоли қувваи барқ метавонад ҷузъе аз лоиҳаи минтақавии CASA-1000 бошад.

Қайд шудааст, ки шартномаи сохтмони хатҳоии нави интиқоли қувваи барқи Сухан-Пули-Хумрӣ моҳи декабри соли гузашта ҳангоми сафари расмии раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Узбакистон ба имзо расонида шуда буд.

Тахмин меравад, ки иқтидори хатҳоии интиқоли қувваи барқи CASA-1000 метавонад 1000 мегаваттро ташкил кунад, ки дар натиҷа дар як шабонарӯз бо воситаи он 24 миллион киловатт соат қувваи барқ интиқол кардан мумкин аст.

Сохтмони ин қисмати хатҳои интиқоли қуваи барқи мазкурро Бонки Осиёи рушд маблағгузорӣ мекунад.

Сохта ба истифода додани хатҳои интиқоли қувваи барқи лоиҳаи CASA-1000 то охири соли 2019 ба нақша гигрифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.

Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон дар назар аст. Дар назар аст, ки ҳамагӣ дар чаҳорчубаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.