Рустам Эмомалӣ: иншоотҳои Душанбе бояд мутобиқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд шаванд

Раиси шаҳри Душанбе таъкид намудааст, ки мутахассисон ҳангоми бунёди иншоотҳо фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинонро ба инобат гиранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ имрӯз, 29 ноябр пулҳои роҳи оҳан ва автомобилгардро дар ноҳияи Синои пойтахт, баъди азнавсозӣ ба истифода додааст.

Ёдрас мешавем, иншооти мазкур дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино ҷойгир шуда, сохтмони он моҳи июли соли равон оғоз шудааст.

Рустам Эмомалӣ: иншоотҳои Душанбе бояд мутобиқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд шаванд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, раиси шаҳр дар ҳамин ҷо ба масъулин дастур додааст, ки ҳамаи иншоотҳои пойтахт бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир сохта шаванд ва фароҳам овардани шароит ба сокинон ба инобат гирифта шавад.

Ҳачунин Рустам Эмомалӣ супориш додааст, ки намои берунаи биноҳои истиқоматӣ рангубор карда шаванд.