Президент доштани 5 муовин барои 1 вазирро иҷозат дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои вазири молияи кишвар доштани 5 муовинро муқаррар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта имзо намуд, барои вазири молия доштани 5 муовин, аз ҷумла як муовини аввал муайян шудааст. То ҳол вазири молия чун аксари дигар 4 муовин дошт.

Вазорати молия Чинро калонтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон хонд

Ҳукумат барои Вазорати молия дар маҷмуъ 1481 воҳиди корӣ, аз ҷумла 281 ҷой дар дастгоҳи марказиро ҷудо кардааст.

Дар ихтиёри мақомдорони Вазорати молия 93 сабукрави хидматӣ қарор доранд, ки 10 ададашон барои мансабдорони дастгоҳи марказӣ хидмат мерасонанд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумат дар қатори чораҳои зиддибуҳронӣ ва сарфаи маблағҳои буҷа барои ихтисори қисме аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ дастур дода буд.