ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Ёдгоров зимни машварати корӣ бо мақомдорони вилоят ҷалби ҳамватанони бурунмарзиро, ҳамчун шарикони рушд барои равнақ додани бахшҳои гуногуни ВМКБ ба миён гузоштааст.
Аз ҷумла истифодаи имконияти зодагони вилоят, ки дар хориҷи кишвар дар бахшҳои гуногун аз ҷумла соҳибкорӣ ба дастовардҳо ноил шудаанд, баррасӣ гардидааст.
"Эҳтимоли истифодаи имонияти онҳо барои равон кардани коргарон аз ҳудуди вилоят, ё ҷалби онҳо барои ташкили корхона дар қаламрави вилоят баррасӣ гардид. Чунин шеваи ҳамкорӣ омӯхта мешавад", - иттилоъ доданд ба Sputnik дар дафтари матбуоти ВМКБ.
Аз ВМКБ, чун минтақаҳои дигари Тоҷикистон теъдоди зиёди аҳолӣ дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд ва инчунин зодагони зиёди ин вилоят дар қитъаҳои дигари ҷаҳон кору иқомат доранд.
Мавзӯъҳои дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, аз худ кардани заминҳои нави обёришаванда, риояи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, омодагӣ ба зимистони соли 2018-2019 мебошанд.