ЮНЕСКО чаканро мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳон эътироф кард - видео

Созмони ЮНЕСКО феҳрасти ҷадиди мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳонро қабул кардааст, ки гулдузии чакани Тоҷикистон низ шомили он шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik.  Чакан ва чакандӯзӣ ҳунари қадимии мардуми ҷануби Тоҷикистон буда, фалсафаи худро дорад. Гулдузии чакан, ки шомили мероси фарҳангии ғайримоддии ҷаҳон шуд, дар либос ва ашёҳои дигари рӯзгор истифода мешавад.

Муаррифии нозукиҳои чакану чакандузиро дар навори зер тамошо кунед:

Тоҷикистон чаканро ҳудуди 5 сол пеш барои вуруд ба феҳрасти мероси фарҳанги ғайримоддии ҷаҳон пешниҳод кард ва ЮНЕСКО соли равон онро вориди ин рӯйхат кард.