Вакилони парлумон ба Аврупо рафтанд

Вакилони парлумони Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Брюссел сафар карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, имрӯз як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми  Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо ва мулоқоти гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Белгия  ба шаҳри Брюссел сафар карданд.

Иттиҳодия Аврупо бо Тоҷикистон барои имзои созишномаи нав ба зудӣ музокирот хоҳад кард

Ба иттилои манбаъ, сафари ҳайати вакилони Парлумони мамлакат таҳти роҳбарии раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  доир ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода бо даъвати парлумонҳои Аврупо ва  Шоҳигарии Белгия сурат гирифт.

Сафари мазкур то 1 декабри соли равон идома хоҳад ёфт.

Инчунин ба ҳайати мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода, вакилон Насиба Содиқова, Ҳоким Холиқзода, Ҷаббор Ахмедов ва  Шарофиддин Сироҷов шомил мебошанд.