Шаҳрванди Узбакистон дар зери чархи метро ба ҳалокат расид

Дар зери чархи метрои шаҳри Маскав ҷавони 25-солаи узбакистонӣ ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Шаҳрванди Узбакистон дар зери чархи метрои шаҳри Маскав ба ҳалокат расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии шуъбаи ВКД шаҳри Маскав.

Ин ҳодиса 27 ноябр дар истгоҳи метрои “Юго-Западная” ба вуқуъ пайвастааст.

“Шаҳрванди Узбакистон дар вақти наздик шудини қатор дар роҳрав болои хатҳои (релс) метро афтидааст. Афтидани ӯро дида сарнишини метро кӯшиши боздоштани қаторро кардааст, аммо мутаассифона ӯро пахш кардааст”, - қайд мекунад манбаъ.

Барои он, ки ҷасади ҷавонро берун кунанд кормандони метро маҷбур шудаанд барқро дар хатҳои роҳрави қаторҳо хомӯш кунанд.

Дар натиҷа шаҳрванди 25-солаи Узбакистон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Қайд шудааст, ки айни ҳол кормандони пулис ин ҳодисаро пайгирӣ кардаистодаанд ва аз шоҳидон ва сарнишини поезд ҷузъиёти воқеаро бозпурсӣ доранд. Инчунин кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи сабти дурбинҳои наворбардор ин ҳодисаро пайгирӣ доранд.