Сабаби маргаш чӣ буд?: барқияи Раҳимзода ба Колоколсев дар пайи марги Илҳомуддин Шоев

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар барқия аз ҳамтои русаш пурсон шудааст, ки сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бозпурсии полис дар чӣ буд ва аз Колоколсев хоҳиш кардааст, ки санҷиши қазияро зери назорати шахсиаш қарор диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколсев дар пайи қазияи марги як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми бозпурсӣ дар шӯъбаи полис барқия ирсол кардааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар он Раҳимзода пурсон шудааст, ки мақомоти дахлдори Русия далели марги шаҳрванди Тоҷикистонро дар шӯъбаи полис тавзеҳ диҳад.

"Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ҷиҳати шарҳ додани сабаби марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон Илҳомуддин Шоев ҳангоми бозпурсӣ дар шуъбаи полиси ноҳияи Вешнякии шаҳри Москва ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев В.А. барқия ирсол намуд", - омадааст дар хабари манбаъ.

Шӯрои назди раисиҷумҳури Русия марги муҳоҷири тоҷик дар идораи пулисро месанҷад

Ҳамчунин, вазир аз ҳамтои русаш хоҳиш кардааст, ки санҷиши қазияи мазкурро зери назорати шахсияш бигирад.

Ёдрас мешавем, ҳодиса 21-уми ноябр дар идораи пулиси ноҳияи Вешняки Маскав рух дод.

Бар асоси фарзияи пешакӣ сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон, ки 38 сол доштааст, бемории қалб будааст.

Феълан тафтиши ин ҳодиса оғоз гардидааст. Мақомоти пулиси Маскав, даҳҳо муҳоҷир ба шумули шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистонро бо ҷалби воҳидҳои махсус, бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт кардаанд.

Инчунин Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия таҳқиқи марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дар идораи пулиси Маскав зери назорат мегирад.