ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба "Ховар" хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2200 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +1+6 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6 ва рӯзона ба +7+12 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе туман мефарояд. Ҳаво шабона +2+4 ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм мешавад.