Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” 223 миллион доллари иловагӣ ҷудо мекунад

Дар буҷети кишвар дар соли 2019 аз бахши сӯзишворию энергетикии кишвар барои сохтмони “Роғун” 2,1 миллиард сомонӣ (223 миллион доллар) равона хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Барои сохтмони НБО “Роғун” дар соли 2019 беш аз 223 миллион доллар маблағҳои буҷетӣ равона хоҳад шуд, иттилоъ додааст вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳорзода зимни баррасии буҷети Тоҷикистон дар парлумони кишвар.

Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард (ВИДЕО)

“Хароҷотҳои бахши сӯзишворию энергетикии кишвар дар соли оянда 4,1 млрд сомонӣ (435 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба хароҷотҳҳои буҷетӣ дар бахши мазкур дар соли равон 17,8 дарсад зиёд мебошад. Беш аз ними ин хароҷотҳо - 2,1 миллиард сомонӣ (223 миллион доллар) ба сохтмони НБО “Роғун” равона хоҳад шуд”, - таъкид кард вазири молияи кишвар.

Дар соли 2018 аз буҷет кишвар аз бахши сӯзишворию энергетикӣ қарор буд 3,5 миллиард сомонӣ равона шавад, аммо ба далели норасоии маблағ ба сохтмони “Роғун” маблағҳои иловагӣ  равона карда шуд.

Бино бар ҳамин, дар аввали моҳи октябри соли равон дар қонун дар бораи буҷети Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тибқи тағйиру иловаҳо хароҷоти буҷети Тоҷикистон дар бахши сӯзишворию энергетикӣ дар соли ҷорӣ 3 миллиарду 220 миллион сомонӣ (342 миллион доллар) зиёд карда шуд.

НБО "Роғун" бо рақам

Ҳамин тавр дар соли равон ба бахши сӯзишворию энергетикии кишвар 6,7 миллиард сомонӣ (710 миллион доллар) равона карда мешавад.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, маблағҳои иловагӣ ба бахши сӯзишворию энергетикии кишвар аз ҳисоби фурӯши сангҳо ва филизоти  қиматбаҳо, ки дар ихтиёри вазорат қарор доранд ва  ҷойгирнамудани евробондҳои кишвар дар бозорҳои молиявии байналмилалӣ сурат мегирад.