ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, боздоштшудагон Одинаев Исмоили 22-сола, Амиров Сайдвалии 26-сола, Содиқов Рамзиёри 23-сола ва Маҳмудов Қурбоналии 23-сола мебошанд, ки шаби 7-уми октябри соли ҷорӣ аз нуқтаи букмекерии ҶДММ “Формула 55” маблағ дуздидаанд.
Манбаъ афзуд, ки муттаҳамон бо шикастани тиреза вориди ин нуқтаи букмекерӣ шуда, аз он ҷо 9 ҳазору 163 сомониро дуздидаанд.
ВУД далели даст задани ҷавононро ба ин ҷиноят ба даст овардани маблағу даромади муфт ва истироҳату фароғати чандлаҳзаина гуфтааст.
Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан алайҳи ин гуруҳ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.